Хушбахтона, имрӯзҳо сатҳи гирифторшавӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфта истодааст, ки ин натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба соҳаи тандурустӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории COVID-19 бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ин беморӣ муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 8 нафар беморон бо ин беморӣ бистарӣ буда, инчунин, дар сатҳи дармонгоҳӣ ё худ табобати хонагӣ 17 нафар бемор табобат мегиранд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 63 нафар беморон ва дар сатҳи дармонгоҳӣ бошад, 30 нафар беморон бо илтиҳоби шуши баъди ковиди табобат мегиранд.
Бо мақсади омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Махсусан, айни ҳол дар шаҳри Душанбе барои табобати ингуна беморон зиёда аз 1000 кат пешбинӣ гардида, ҳангоми зарурат 2000 кати дигар омода мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон имрӯз шӯъбаҳои эҳё ва сироятии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе азнав таъмир гардида, бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ таъмин карда шуда истодаанд.
Корҳои таъмирӣ ва бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин намудани шӯъбаҳои сироятӣ ва эҳёи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, шаҳри Душанбе минбаъд низ идома дода мешаванд.
Ҳамзамон, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захираи зарурии маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, маводи худмуҳофизатӣ, таҷҳизоту асбоби тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мавҷуд мебошанд.
Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизмтарасонии ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар давраи паҳнавшии бемории коронавируси нави COVID-19 саҳми кормандони “Ёрии таъҷилӣ”-и пойтахт ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ хеле назаррас мебошад.
Хушбахтона, имрӯзҳо ин бахши соҳаи тандурустӣ низ дар пойтахти кишвар рушд намуда, ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе беҳтару хубтар гардида истодааст.
Иқдоми саривақтие, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 амалӣ намуд, ин дидан намудан аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, бунёди муассисаҳои муваққатии тиббӣ бо мақсади табобати беморони COVID-19 ва ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ва табодули таҷриба ба пойтахти кишвар даъват намудани мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои хориҷ ба шумор меравад.
Боиси хушнудист, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъалаи таъмин намудани муассисаҳои тандурустии пойтахт бо табибони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Натиҷаи андешидани чораҳои муҳим дар ин самт буд, ки айни замон муассисаҳои тиббии пойтахти кишвар бо табибони дорои таҷриба ва малакаи баланди касбӣ таъмин мебошанд.