Вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гашт

Вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гашт
Август 20
15:25 2024

Имрӯз, 20-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, муовини  Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, шарикон оид ба рушд, мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Бо шарофати заҳмат ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки татбиқи барномаи барҷастаи миллии Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ (КУИ) гувоҳӣ он медиҳад. Инчунин, ба амал баровардани марҳилаи нави ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоӣ инъикосгари ин заҳмат ва ташаббусҳо аст.

Бояд зикр намуд, ки дар раванди амалишавии барномаи қаблӣ барои солҳои 2018-2020 таҳлили низоми таҷрибавии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва натиҷаҳои татқиқоти хонавода, ки мусбат арзёбӣ гардиданд, имкон дод, ки  ин низом дар нимсолаи дуюми соли 2020 бо қарори дахлдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҳамаи 68 ноҳияи мамалакат ба амал бароварда шуда, зиёда аз 15 фоизи хоҷагиҳоро фаро гирад.

Механизми мазкур барои дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ба андозае мусоидат карда бошад ҳам, ҷараёни босуръати иҷтимоию иқтисодӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталиф  ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ, таъсис ва ташкили равзанаи ягонаи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсиси феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ низоми мазкур азнавсозиро  (модернизатсияро) тақозо дорад.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор масъулин оид ба вазъи пардохти кумакпулиҳои  яквақта ба оилаҳои камбизоат дар кишвар баромад карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,133
  • 1,236
  • 1,023,437