Вазъи саломатии шаҳрванд Қадами Қурбон хуб буда, номбурда таҳти назорати табибон қарор дорад

Вазъи саломатии шаҳрванд Қадами Қурбон хуб буда, номбурда таҳти назорати табибон қарор дорад
Май 10
19:45 2022

Чанде қабл тариқи сомонаҳои интернетӣ вобаста ба вазъи саломатии шаҳрванд Қадами Қурбон навори видеоӣ нашр гардид, ки аз ҷониби шаҳрвандон вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Пас аз он, ки навори мазкур дар сомонаҳои интернетӣ нашр гардид,  санаи 7 майи соли равон тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба аёдати Қадами Қурбон рафта, номбурдаро тавассути нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои ташхис ва табобат ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ба Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” интиқол доданд.

Дар пажӯҳишгоҳи мазкур барои муайян намудани бемории шаҳрванд Қадами Қурбон як гурӯҳ мутахассисон иборат аз профессорон таъсис дода шуда, номбурда ба ташхисҳо фаро гирифта шуд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки шаҳрванд Қадами Қурбон чанд соли охир бемории захми меъдаи дувоздаҳангушта дошта, айни ҳол ин беморӣ дар ӯ дар ҳолати хуруҷ  қарор дорад.

Ҳамин тавр, ба номбурда бо дардҳои шикам дар гирди ноф ва қабзия ташхис гузаронида шуда, қабзияти музмин бо рентген нишон дод, ки рудаи ғафси номбурда каме дароз мебошад.

Пас аз гузаронидани амалиёти тоза кардани рудаҳо аломатҳои дарди руда дар организми шаҳрванд Қадами Қурбон гум шуда, вазъи саломатии номбурда хуб мебошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ҷараёни ташхис ва табобати шаҳрванд Қадами Қурбон пурра ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 595
  • 1,242
  • 949,615