Чанде қабл бо мақсади мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додани вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ба маризони дил ва шинохти вазъи соҳаи дилшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақозо нисбати солҳои гузашта, дастовардҳо ва проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, дар толори «Кохи Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии Ҷамъияти дилшиносонии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур зиёда аз 80 нафар дилшиносон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои тандурустии маркази вилоят, аз он ҷумла табибони стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур ҳамзамон масъалаҳои мубрами соҳа, аз он ҷумла «Имкониятҳои муосири табобати доруворӣ ҳангоми пешгирии дуюминдараҷаи бемории ишемиявии дил», «Арзёбии сатҳи пайравии табибон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои муосир оид ба табобати фишорбаландии шараёнӣ», «Натиҷаи воридоти дастурҳои клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дил дар Беморхонаи марказии ноҳиявии Б. Ғафуров» баррасӣ шуданд.