Вазъи таъминоти шаҳрвандони имтиёздор бо табобати санаторию курортӣ

Вазъи таъминоти шаҳрвандони имтиёздор бо табобати санаторию курортӣ
Сентябр 29
14:41 2017

Ба таъсири бӯҳрони  молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда таъмин намудани имтиёзҳои амалкунанда  аз ҳисоби буҷети давлатӣ  ҳамасола зиёд мегардад.   Вобаста ба ин месазад зикр намуд, ки ҳар сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳои санаторию курортии сатҳи ҷумҳурӣ 333 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки қисмати зиёди он барои собиқадорони ҷангу меҳнат равона карда мешавад.

Дар мавсими соли 2017 дар осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ зиёда аз 1135 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг,  нафақахӯрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъюбони гурӯҳои 1 ва 2  истироҳат ва табобат гирифта, саломатии худро барқарор намудаанд.

Ин нуқта дар ҷаласаҳои  мушовараи  Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлили роҳхатҳои санаторию курортӣ бораи таъминоти шаҳрвандони имтиёздор ба табобати санаторию  курортӣ дар мавсими соли 2017, ки    имрӯз баргузор гардид садо дод.

Дар чорабинии мазкур гуфта шуд, ки барқарорсозии саломатии  маъюбони ҷанг, иштирокчиён, шахсони ба онҳо баробаркардашуда  ветеранҳои  меҳнат, маъюбон таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 727
  • 1,242
  • 949,747