Вазъи воқеии бемориҳои гельминтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябр 24
06:06 2018

Гелминтозҳо – гурўҳи калони бемориҳои  паразитӣ  буда,  дар бисёр мавридҳо вазъи саломатии инсонро инъикос  менамоянд.  Гелминтозҳо, ё кирмҳои паразитӣ    дар  узвҳои бадани инсон муфтхўрӣ намуда, маъмулан дар узвҳои ҳозима ҷой мегиранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018 дар давоми 8 моҳ 26900 ҳодисаи бемориҳои гелминтӣ (292,4 нафар дар 100.000 аҳолӣ) ба қайд  гирифта шудааст, ки аз ин шумора  20390 (75%) ҳодисаҳаи он  миёни кўдакон ва наврасони  синни  то 17 сола ба мушоҳида мерасад.

Аз шумораи умумии ҳодисаҳои бақайдгирифта шуда миқдори бештари онро энтеробиоз – 42%,  аскаридоз – 39%, гименолепидоз – 18% ва дигар намуди гелминтҳо – 1%- ро ташкил медиҳанд.

Соли 2016 дар ҷумҳурӣ тадқиқоти гелминтологӣ дар 6 ноҳияи (Панчакент, Ҳамадонӣ, Вахш , Рашт, Шаҳринав ва Дарвоз) аз ҷиҳати ландшафтию  ҷуғрофӣ гуногун  гузаронида шуд. Ба тадқиқот 3044 нафар  кўдакони аз сини 4 то 12 сола ҷалб гардиданд. Аз ин ҳисоб дар 731 нафарашон  (23,2%)  гелминтҳо дарёфт  гардид.

Вазъи ҳолати эпидемиологии бемориҳои гелминтиро ба инобат гирифта соли 2017 «Нақшаи стратегии назорат ва пешгирии геогелминтозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2018-2022», дар  асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиб ва таҳия гардид,  ки он бо фармоиши  Вазорати  тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 19.10.2017, таҳти  №898  тасдиқ  карда шуд.

Ҳамчунин Амрномаи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба назорат ва пешгирии бемориҳои паразитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида,  ба муассисаҳои тандурустии  ҷумҳурӣ  барои  иҷроиш  равон карда шуд.

Яке аз чорабиниҳои асосии пешгирии бемориҳои гелминтӣ ин риоя намудани коидаҳои беҳдошти шахсӣ қатъиян риоя намудани тозагии бадан хусусан дасту панҷаҳо  мебошад.

Чораҳои дигари пешгирии бемориҳои  паразитӣ – ин табобати профилактикӣ,  яъне гузаронидани  чорабиниҳои бекирмгардонӣ мебошад.

Бо ин мақсад ҳамасола мувофиқи фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кўдакони сини  аз 5 то 14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  чорабинии бекирмгардонӣ гузаронида мешавад. Дар ин чорабинӣ қариб 2 милион нафар кудакон ва наврасон фаро гирифта  мешавад.

Аз ҷониби мутахассисони  Марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ дар якҷоягӣ бо Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин  маводҳои иттилоотӣ –  варақа, буклет ва овезаҳо ба муассисаҳои тандурустиӣ ва мактабҳои миёна  тақсим карда мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти муассиса ин  баланд  бардоштани  малакаи тахассусии мутахассисони  (сироятшинос, эпидемиолог ва паразитолог) соҳаи тиб оид ба муайансозии фаврӣ, пурзўр намудани  назорати эпидемиологӣ  ва ташхиси бемориҳои тропикӣ мебошад. Дар ин самт аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  80 нафар мутахассисон  доир ба  «Назорат ва пешгирии гелминтозҳо» ва 4 нафар доир ба ташхиси озмоишгоҳии  гелминтозҳо  ба омўзиш фаро гирифта шудаанд.

Аз оғози соли  ҷорӣ  ташхисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» барои дарёфти тухмҳои гелминтҳо дар хок, об, кабудиҳо, мева ва сабзавотҳо ташхисҳо гузаронида  истодааст.

Пешгирӣ намудани бемориҳои гелминтӣ хеле зарур буда, барои ин баҷо овардани меъёрҳои   гигиенаи  шахсӣ  ҳатмист:

Шустани дастҳо бо собун баъди қазои ҳоҷат ва пеш аз хўрдани хўрок.

Истифодаи меваю сабзавоти шусташуда ва   бо оби   хунуки ҷўшонидашуда обгардоншуда.

Истифодаи  оби  ҷўшонидашуда барои нўшидан.

Тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхона ва ҳавлӣ.

Шустан ва дарзмол намудани либосҳои таг ва рахти  хоб.

 

Мудири шуъбаи Гелминтологии МД МҶМБТ   Амруллои Фатҳулло

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760