Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” интихоб гардид

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” интихоб гардид
Июл 17
15:24 2020

Имрӯз, 17 июли соли равон дар Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин  Абдуллозода, аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ва намояндаи нашрияи ҳизбиву матбуоти назди Вазорат баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ба муҳтарам Ҷамолиддин  Абдуллозода барои интихоб гардидан ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” муборакбодӣ ва дар ҷодаи амалӣ намудани сиёсати комёбу комили Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барори кор таманно кард. Ҳамчунин, номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” бо роҳбарии Ҷамолиддин  Абдуллозода ба пешравӣ ва дастовардҳои назаррас хоҳем дид.

Дар маҷлис тибқи талаботи банди 4.13 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бинобар сабаби аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод шудан  Насим  Олимзода аз вазифаи Раиси ташкилоти ибтидоӣ озод ва бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб дар ташкилот дар мувофиқа бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Ҷамолиддин Абдуллозода Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” интихоб карда шуд.

Дар идома ҳисоботи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” – Хайриддин Қурбонов “Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”  дар шашмоҳи соли 2020 ироа гардида, масъалаҳои дигари рузнома аз қабили пешниҳоди вакил ба Конференсияи ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барраасӣ карда шуд.

Бо мақсадҳои нек баъди мубодилаи афкор миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия ва Раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 909
  • 1,242
  • 949,929