Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:
Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:
– сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 1092 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ (донистани забони англисӣ).
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир:
-сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 1092 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:
– мутахассиси пешбари бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
– мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:
-мутахассиси пешбари Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ.
Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– мутахассиси пешбари Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии иқтисодчӣ.
Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббӣ:
– мутахассис Шуъбаи ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, фарматсевтӣ.
Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталаб маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ ва кори иҷтимоӣ.
Шуъбаи ҳуқуқ:
– мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ (1ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
талабот барои довталабон: маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ.
Бахши котибот:
– мудири бахши котибот (1ҷой), маош 1207,90 сомонӣ
талабот барои довталабон: маълумоти олии гуманитарӣ, омӯзгорӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи
шахсӣ;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– СИН;
– маълумотнома аз ҷои истиқомат;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби
– мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои
мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи мо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69,
тел. 221-19-59, почтаи эл: info@moh.tj
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.