Бо мақсади иштироки фаъол дар доираи чамъбаст гардидани озмуни “Бунёди беҳтарин майдончаҳои варзишӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори чойи дуюм гардид. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри ба даст овардани ҷойи дуюм дар озмуни номбурда ва бунёд намудани майдончаи зебову замонавии варзишӣ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе бо сипоснома ва туҳфаи пулӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд.
Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.
Хотиррасон менамоем, ки барои ин майдончаи замонавӣ, ки дар масоҳати 4800 метри квадратӣ бунёд ёфт, 924 хазор сомонӣ сарф гардида буд.