Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони Хадамот оид ба муолиҷа ва пешгирии коронавируси Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои тандурустии мамлакат видеоконфронси омӯзишӣ доир гардид.
Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед оид ба вазъи имрӯзаи мамлакат дар мавриди пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба намояндагони Хадамоти мазкур маълумот пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки айни замон Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодаанд.
Дар идомаи видеоконфронси омӯзишӣ ҳамзамон таҷрибаи мутахассисони чинӣ дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби Хадамот оид ба муолиҷа ва пешгирии коронавируси ин кишвар ба табибони тоҷик тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.