Феврал 07
15:11
2020
Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд тадбирҳои барзиёде андешанд, ки сабаби афзоиши ваҳми умум ва ноустувории ҳамкории байналмилалӣ дар заминаи илтиҳоби шуши вируси 2019-nCoV гарданд. Тавре Хуа Чунюн, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи панҷшанбе гуфт, ин танҳо ба оқибатҳои манфӣ оварда мерасонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Чунин амалҳо на танҳо барои мубориза бо коронавирус кумак намекунанд, балки баръакс, миёни мардум воҳима меафзоянд, тартиботи байналмилалӣ ва робитаҳоро барои ҳамкорӣ халалдор месозанд», — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, мақомоти Чин аллакай ба кишварҳои алоҳида пешниҳод манзур намудаанд, ки бо амалҳои худ аслан ба робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ бо ҶМЧ халал ворид месозанд.