ВМКБ. Безараргардонӣ баҳри пешгирии COVID–19

ВМКБ. Безараргардонӣ баҳри пешгирии COVID–19
Май 28
07:26 2020

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории COVID – 19 ва хурӯҷи дигар бемориҳои сироятӣ Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 21 маҳаллаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят манзили истиқоматии сокинонро тамиз намуд.

Ҷаъфар Ризо, сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва намояндаи ситоди вилоятӣ иброз намуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус (COVID — 19) дар ҳайати ситод ду бригада бо мошинҳои махсус ва техникаву лавозимоти тамизкунӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дошта, инчунин, роҳҳои мошингарду пиёдагард, соҳили ҷӯйборҳо ва партовгоҳҳоро низ безарар мегардонанд.

Бояд гуфт, ки маводи безараргардонии кимиёвии калт­сий гипохлоридро Вазорати корҳои дохилии мамлакат таъмин карда, амалисозии чораҳои зиддиэпидемикӣ дар вилоят таҳти назорати қатъист.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 741
  • 1,242
  • 949,761