ВМКБ: Кӯмаки маводҳои тиббии “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустӣ

ВМКБ: Кӯмаки маводҳои тиббии “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустӣ
Июл 10
09:24 2020

Имрӯзҳо бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он дар баробари мақомоти давлатӣ, ҳамчунин бахши хусусӣ низ нақши муассир мегузоранд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба moh.tj иттилоъ доданд, аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал”  ба муассисаҳои тандурустии ВМКБ либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ дастрас карда шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни қабули кӯмаки навбатӣ миннатдории хешро ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки кишвари мо тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ намояд ва вазиятро ба эътидол оварад.

Бояд гуфт, ки маводҳои зикршуда  дар анборхонаи Раёсати тандурустии вилоят  нигаҳдорӣ шуда,  тибқи талабот ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 698
  • 1,242
  • 949,718