Июн 06
09:34
2019
Муовини сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Додалиев мегӯяд, назар ба чанд соли пеш теъдоди мубталоёни бемории ҷоғар дар вилоят ду маротиба коҳиш ёфтааст ва алъон ба ин беморӣ 10 ҳазор нафар гирифторанд.
Бояд тазаккур дод, ки истеъмоли намаки бе йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад. Барои пешгирии мубталошавӣ ба ин гуна беморӣ соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардида буд. Пеш аз ин, «Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 1997-2001» дар амал татбиқ гардид. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи бемории ҷоғар дар вилоят коҳиш ёбад.