Вобаста ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 мизи мудаввар баргузор гашт

Вобаста ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 мизи мудаввар баргузор гашт
Ноябр 22
10:15 2023

Дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе оид ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Гулбаҳор Ашурзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Ҷаъфаров Навруз, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кўмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид  ва рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки саломатӣ  сарвати бебаҳои миллат ва нишондиҳандаи воқеъии рушди устувори ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ташкили ғизо дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ нақши муҳимро мебозад.

Вобаста ба ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои дар ин самт бударо ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал  намуда истодааст.

Йод микроэлементест, ки барои фаъолияти биологии бадани инсон, аз ҷумла тавлиди гармонҳои сипаршакл зарур аст. Мушкилоти норасоии йод (IDD) дар саросари ҷаҳон бо сабаби таъсири харобиовараш ба рушди равонӣ ва психомотории тифлон ва кӯдакони хурдсол яке аз масъалаҳои асосии саломатӣ боқӣ мемонад. Кӯдаконе, ки дар минтақаҳои дорои мушкилоти норасоии йод таваллуд шудаанд, ба ҳисоби миёна, нисбат ба кӯдакони дар минтақаҳои дорои йоди кофӣ таваллудшуда, 13,5 холи вобаста ба нишондоди зеҳнӣ (IQ) камтар доранд.

Дар саросари ҷаҳон, 1,8 миллиард нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз сабаби истеъмоли нокифояи йод, таҳти хавфи норасоии йод қарор доранд. Норасоии йод ба тамоми марҳалаҳои ҳаёти инсон, шурӯъ аз давраи афзоиш дар батни модар то давраи пирӣ таъсир мерасонад. Оқибатҳои норасоии йод натиҷаҳои номақбули таваллуд, кретинизм, ҷоғар, гипотиреоз ва ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ва равониро дар бар мегиранд. Бо вуҷуди ин, занони синну соли репродуктивӣ, аз ҷумла занони ҳомиладору синамакон ва кӯдакони то 5-сола зери хатари баланд қарор доранд. Ҳангоми афзоиш ва инкишофи тифл дар батн ва пас аз таваллуд, норасоии йод боиси осеби ислоҳнопазири мағзи сар ва системаи марказии асаб мегардад. Аксарияти оқибатҳои норасоии йод ноаён ва ислоҳнашаванда мебошанд, аммо дар айни замон ин вазъиятро комилан метавон пешгирӣ кард.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640