Вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой

Вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой
Май 25
10:09 2020

Имрӯз, 25 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мутахассисони соҳаи тибби  Ҷумҳурии  Халқии Хитой, ки дирӯз, 24 май ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ташрифи  мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой  ва ҳамзамон кӯмакҳои аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон воридшударо самараи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф ва мақсад аз ташрифи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони  сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннадторӣ баён намуданд.

Маврид  ба зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз  ҷумла  коронавируси нави  COVID-19  аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе  ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19   ба шаҳри Душанбе омаданд.

Бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ),  Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ,  45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи  Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак  намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 905
  • 1,242
  • 949,925