Вохӯрии коршиносони олмонӣ бо мутахассисони тиби Тоҷикистон

Апрел 26
14:15 2017

Ду коршинос аз Олмон дар Тоҷикистон барои понздаҳ коршиноси миллӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат, аз ҷумла наркологон, равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ омӯзиши миллиро роҳандозӣ намуданд.

Ин омӯзиши дуюм дар Тоҷикистон буда, он ба ҷанбаҳои гуногуни табобати бемориҳои вобаста ба истеъмоли маводи психоактивӣ бахшида шуда буд. Иштирокчиён қоидаҳои умумии ахлоқи тиббӣ ва кодекси ахлоқии равоншинос/нарколог, вобастагии спиртӣ ҳамчун патологияи иловагӣ ба беморони нашъаманд, инчунин оид ба моддаҳои нави психоактивиро баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни омӯзиш ҳолатҳои душворро аз таҷрибаҳои худ таҳлил карда, истифодаи принсипҳои ахлоқиро дар кори худ муҳокима намуданд.
Пас аз хатми ин силсилаомӯзишҳо ба коршиносони маҳаллӣ сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658