Вохӯрии соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
Июл 25
17:01 2024

 

Имрӯз, 25 июли соли равон дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе “Форуми байналмилалии соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини муассисаҳои истеҳсолии ватанӣ дар соҳаи фармасевтӣ, намояндагони сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, олимону коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки баргузории Форуми мазкур боз ба як самти афзалиятноки соҳа, яъне ҳамкорӣ дар самти фармасевтӣ, таъмини бехатарӣ ва сифати доруворӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тавре зикр гардид, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи дорусозӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” қабул гардида, воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 64 корхонаҳои ватании истеҳсоли 592 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 346 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ монда шудааст.

Гуфта шуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 582 номгӯи доруворӣ расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби зиёда аз 65 ширкатҳои фармасевтии Ҷумҳурии Ҳиндустон истеҳсол мешаванд.

Дар идомаи Форум баҳри бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз он ҷумла, коркард ва басту банди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳавасманди зоҳир карда шуд.

Бояд гуфт, ки Форуми мазкур 25 июл оғоз гардида то 26 июли соли равон идома меёбанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 469
  • 1,715
  • 988,766