Вохурӣ бо ҳайати донишгоҳи Йели ИМА

Вохурӣ бо ҳайати донишгоҳи Йели ИМА
Май 21
15:27 2024

Имрӯз, 21-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо ҳайати Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Америка вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур ҳамзамон сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Шодихон Ҷамшед меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, вохурии мазкурро имконияти мусоид баҳри рушди ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо ин донишгоҳи бонуфӯзи ИМА арзёбӣ намуд.

Дар вохурӣ масъалаҳои пешгирӣ ва ташхису табобати беморони вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки   яке аз стратегияҳои муассир ва камхарҷ барои коҳиш додани сирояти ВНМО ва беҳбудии саломатии мардум дар  замони имрӯз-ин табобати опиоидҳои агонистӣ, ба монанди метадон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ кушиш карда истодааст, ки пеши роҳи афзоиши шумораи гирифторони бемориҳои ВНМО ва нашъамандиро дар мамлакат  бигирад.

Дар вохурӣ ҳамзамон миёни мутахассисони соҳаи дахлдор ва ҳайати Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои ВНМО ва нашъамандӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660