Вохурӣ бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ

Вохурӣ бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ
Август 12
17:28 2022

Санаи 12 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо  директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ  вохурӣ намуд.

Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Имод Зуҳайриро ба вазорат хайрамақдам намуда, дар идома иброз дошт, ки дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Қайд гардид, ки  маҳз дар партави сиёсати оқилона дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар идома Ғафур Муҳсинзода доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар, аз ҷумла дастовардҳои соҳа ба меҳмонон мухтасар маълумот дод.

Дар навбати худ директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти вазорат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки кишвараш дар баробари густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, омодаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар идома ҷонибҳо доир ба ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Вохурии мазкур дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 348
  • 1,242
  • 949,368