Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ
Июн 02
15:18 2022

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот  ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, хосатан бартараф кардани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои тиббии кишвар   2 июни соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур вохурӣ намуд. Ҳамзамон, дар вохурӣ ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода, масъулини вазорат, сардорон ва намояндагони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо хатмкунандагон аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки масъалаҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва рафъи норасоии мутахассисон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат зери назорати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо назардошти муҳимияти масъала, номбурда аз тамоми хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки  ба минтақаи зисташон рафта, баҳри таъмини солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд. Махсусан, номбурда таваҷҷуҳи хатмкунандагонро ба норасоии бархе ихтисосҳо дар як қатор шаҳу навоҳии мамлакат ҷалб намуд.

Қайд карда шуд, ки воқеан хатм намудани ин боргоҳи илм барои ҳар як нафар боиси ифтихор ва сарфарозӣ ва ҳамзамон масъулияти бузург аст. Бинобар ин, аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки дар касби хеш содиқ ва ворисони ҳақиқии Синои бузург бошанд.

Дар вохурӣ дигар масъалаҳои  таъмини хатмкунандагон бо ҷои кор ва идомаи таҳсили мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар анҷом як қатор донишҷӯён доир ба масъалаҳои гуногун саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби вазир ва роҳбарияти донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732