Вохурӣ бо мақсади сарфакорона истифода намудани қувваи барқ

Вохурӣ бо мақсади сарфакорона истифода намудани қувваи барқ
Декабр 18
14:43 2020

18 декабри соли равон дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар фасли сармо бо иштироки соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсати мазкур вохурӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода ифтитоҳ намуда, таъкид  дошт, ки тибқи пешгӯии мутахассисон имсол дар кишвар зимистон барвақтар оғоз шуда, ҳамзамон дар қиёс ба солҳои пешин сардтар хоҳад омад. Аз ин хотир, талабот ба қувваи барқ афзоиш меёбад, ки эҳтимол ба системаи энергетикии кишвар сарборӣ пеш оварад.

“Агар ҳар кадоми мо дар хона ва дар корхонаҳоямон қувваи барқро сарфакорона  истифода бикунем, ин ҳолат ба системаи энергетикии кишвар чӣ қадар кӯмак мешавад. Ҳамзамон, ин  ҳолат кафолати бе мамоният пасисар кардани фасли зимистон мебошад. Аз ин хотир, аз ҳамаи соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсат хоҳиш карда мешавад, ки барқро сарфакорона истифода баранд”,-афзуд номбурда.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар баробари масъалаҳои зикршуда бояд ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводҳои зарурии доруворӣ кушиш ба харҷ  дода шавад. Махсусан, дар байни ҷомеа ва макони зисту ҷоӣ кор ба мардум вобаста ба пешгирии бемории  COVID-19 ва риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 24
  • 539
  • 1,242
  • 949,559