Вохурӣ бо мутахассисон Ҷумҳурии Мардумии Чин

Вохурӣ бо мутахассисон Ҷумҳурии Мардумии Чин
Июл 25
17:48 2024

25-уми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо як гурӯҳ мутахассисон ва табибони “Беморхони 5-уми шаҳри Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин” вохурӣ намуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед зимни вохурӣ аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давраи пандемияи коронавирус баҳри пешгирии ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бориз гузошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисони “Беморхонаи 5-уми шаҳри Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри ҳамкориҳои муштарак бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти ташхису табобат, гузаронидани амалиёти ҷарроҳии бемориҳои гурда, мубодилаи таҷриба, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикстон ташриф овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки “Беморхони 5-уми шаҳри Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин” моҳи ноябри соли 2023 бо “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ” созишномаи ҳамкорӣ баста буд ва мутобиқи ҳамин созишнома моҳи ноябри соли 2023 директори “Беморхони 5-уми шаҳри Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин” Шу Шуен ба “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ” ташриф оварда, ба маркази мазкур як қатор таҷҳизотҳои тиббӣ тақдим намуд.

Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои судманд бо табибони кишварҳои гуногун дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, махсусан дар бахши ҷарроҳӣ ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат заминаи мусоид гузошта, имкон фароҳам меорад, ки табибони мамлакат бо дастовард ва муваффақиятҳои навтарини тибби олам шинос шуда, онҳоро дар соҳаи тандурустии мамлакат амалӣ намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 214
  • 1,715
  • 988,511