Вохурӣ бо намояндагони ширкати “Моторика”- и шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Октябр 02
11:11 2024

Имрӯз, 2-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед бо  намояндагони ширкати ”Моторика”- и шаҳри Москваи Федератсияи Россия оид ба муаррифии маҳсулот, кор ва хизматрасонии ширкати мазкур  вохурӣ намуд.

Нахуст Шодихон Ҷамшед доир ба вазъи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат ба меҳмонон маълумоти мухтасар  пешниҳод кард.

Дар навбати худ  намояндагони ширкати ”Моторика” оид ба тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ, таъминоти маъюбон бо намунаҳои нави технологӣ, аз ҷумла протезҳои дастҳои намуди бионикӣ ва  дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорат андашаҳои худро иброз доштанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисон дар самти тавонбахшӣ, ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ барои маъюбон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ширкати мазкур нахустин бор дар кишвар дар ду кӯдаки то синни 10 сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Октябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« செப்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,244
  • 1,783
  • 1,059,190