Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Андреас Протманн

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Андреас Протманн
Июн 02
14:22 2022

Имрӯз, 2 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн вохурӣ намуд. Дар вохурӣ ҳамзамон сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои дахдлори вазорат ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) иштирок доштанд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар Олмон дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ҷониби Олмон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Махсусан, номбурда аз ҳамкориҳои вазорат бо Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) махсус ёдовар шуд.

Дар идомаи вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо  ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Вохурӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 689
  • 1,242
  • 949,709