Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ
Октябр 03
15:56 2023

3 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким бо роҳбарият ва кормандони донишкадаи мазкур баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи вазорат Ибодуллоев  Ҳуснидин иштирок намуданд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баромад кард.

Инчунин, номбурда зимни суханронии хеш доир ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро решакан созад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” тартиб дода шуда, барои иҷро ба сохторҳои дахлдори вазорат ирсол карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 693
  • 1,242
  • 949,713