Вохуриҳои судманд

Вохуриҳои судманд
Май 15
09:28 2020

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба тарзи пӯшидани либоси  тиббӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид.

Зикр гардид, ки дуруст пӯшидани либоси муҳофизатӣ барои табибон ҳангоми табобати беморон яке аз роҳҳои пешгирии гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавируси нави COVID-19  ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони ӯзбек паҳлӯҳои дигари таризи истифода ва пӯшидани либоси тиббӣ ба кормандони маркази мазкур омӯзонида шуд.

Ҳамзамон, дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вохӯрии мутахассисони ӯзбек бо эпидемиологҳои тоҷик доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони тоҷик ва ӯзбек табодули таҷриба намуда, роҳҳои  пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19-ро баррасӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ӯзбек дар самти омӯзиши кормандони соҳаи тандурустии мамлакат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19  фаъолият намуда истодаанд.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон кӯмаки башардӯстона, аз қабили таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардиданд.

Қаблан низ  ҷониби Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, дастгоҳи нафасдиҳӣ ва тести озмоишӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 кӯмак намуда буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654