Вохурии Абдухолиқ Амирзода бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин

Вохурии Абдухолиқ Амирзода бо  Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин
Июл 15
10:20 2022

14 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо Сафири  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин  вохурӣ намуд.

Мақсад аз вохурии сафир-ин шиносоӣ бо роҳбарияти вазорат ва ҳамзамон баррасӣ намудани ҳамкориҳои мавҷуда ва истифодаи имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  арзёбӣ гардид.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлкакат меҳмонро ба вазорат хайрамақдам гуфта,  иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди ҳамкориҳо  дар соҳаи тандурустӣ бо кишвари Чин истифода мебарад ва натиҷаи вохурии имрӯза барои таҳкими робитаҳои байни Тоҷикистон ва Чин, алахусус дар соҳаи тандурустӣ, илми тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ғайр аз соҳаи тандурустӣ, инчунин дар соҳаи тибби анъанавӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон васеъ истифода мешавад, ҳамкории дуҷониба пешниҳод шудааст.

Махсусан соли 2021 байни Донишгоҳи тибби анъанавии Чендуи  Ҷумҳурии Халқии Хитой» ва  КВД «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» -ии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон Ёддошти  тафоҳум  оид ба лоиҳаи «Ҳамкории Тоҷикистон-Чин барои сохтмони маҷмааи Маркази муштараки тибби анъанавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд ва ҳуҷҷати мазкур айни ҳол дар сатҳи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки таъсиси як маркази муштараки  тибби анъанавӣ имкон медиҳад, ки машварати тиббӣ ва ташхис бо усулҳои анъанавии табобат якҷоя карда шаванд.

Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин 30 –юмин солгарди муносибатҳои дипломатии ду кишвари бо ҳам дӯст ва дар ин раванд  ҳамкориҳои мавҷударо дар соҳаи тандурустӣ мусбат арзёбӣ намуд.

Вохӯри дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 935
  • 1,242
  • 949,955