Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба оғози фаъолияти лоиҳаи “Миллати солим”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба оғози фаъолияти лоиҳаи “Миллати  солим”
Сентябр 01
14:04 2022

31 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба оғози фаъолияти лоиҳаи “Миллати солим” вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро вазорат хайрамақдам гуфта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки айни  замон дар кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағгузории бонки мазкур якчанд лоиҳаҳо бомуваффақият амалӣ шуда истодаанд, ки ин нишонаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин бонк бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи “Миллати солим” дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, ҳадафи он боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат мебошад.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки муаррифии “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки шарикони рушд моҳи феврали соли 2022 баргузор гардид ва дар заминаи он чорабиниҳо вобаста ба ислоҳоти маблағгузорӣ гузаронида шудаанд. Стратегияи мазкур дурнамои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро барои 10 соли оянда ифода менамояд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба саломатӣ нигаронида шудааст. Айни замон нақшаи инвеститсионӣ барои дастгирии самтҳои афзалиятнок, ки барои таъмини маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ, таъмини хизматрасонии босифат ва самаранок дар сатҳи КАТС, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва захираҳои кадрии системаи тандурустӣ равона шудааст, таҳия гардида истодааст.

Дар идома иштирокчиён доир ба  самтҳои гуногуни лоиҳаи “Миллати солим” мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 596
  • 1,242
  • 949,616