Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ  (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге
Ноябр 01
10:10 2022

29 октябри соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, ҳамзамон номбурда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои дастгириҳои пайвастаи соҳа, хосатан дар давраи пандемияи COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд карда шуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ яке аз шарикони боэътимод ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тандурустӣ ба шумор рафта, айни ҳол ҳамкории мутақобилан судманди кишвар бо ин ташкилоти бонуфӯз дар сатҳи хуб қарор дорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.

Баъдан, худи ҳамон рӯз Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ҳамроҳ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ноҳияи Файзобод сафар намуда, бо фаъолияти Маркази саломатии “Дубеда”-и ноҳияи мазкур шинос шуд.

Зимни шиносоӣ аён гардид, ки  дар маркази саломатии мазкур барои  хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосатан кӯмаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва табибони марказ бо истифода аз имконияти фароҳамгардида баҳри таъмини солимии аҳолӣ саҳми назарраси хешро мегузоранд.

Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге зимни вохурӣ ба табибони маркази саломатии мазкур барои хизмати софдилона баҳри таъмини солимии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда,  ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дод.

Дар идомаи сафари корӣ Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге  ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гардид.

Зимни боздид ба  ҷаноби Ҳанс Ҳенрӣ Клюге  иттилоъ дода шуд, ки соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон таҳти таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамалакат қарор дошта, дар ин самт дар кишвар як қатор барномаву ҳуҷҷати соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадаф ва мақсади онҳо таъмини хизматрасонии баландсифати тиббӣ ба модарону кӯдакон мебошад. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» тамоми шароит ва имконоти мусоид дар ин самт муҳайё карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон, имрӯз, 1 ноябри соли равон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ба ноҳияи Шаҳристон сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур шинос хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 128
  • 1,303
  • 941,496