Ҷамолиддин Абдуллозода бо Анҷалӣ Каур вохурӣ намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Анҷалӣ Каур вохурӣ намуд
Май 26
14:10 2022

Имрӯз, 26 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Коргоҳи марказии Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба давлатҳои Осиё Анҷалӣ Каур вохурӣ намуд.

Дар вохурӣ қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо агентиҳои дахлдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба роҳ монда, аз ҷумла “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID)  барои то соли 2025”  ба имзо расидааст, ки дар доираи он як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Махсусан, айни замон яке аз лоиҳаҳои USAID, ки дар Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ шуда истодааст, ин лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» мебошад. Лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизогирии модарону кӯдакони синнашон то 5 сола тавассути хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, лоиҳаи “Иҷрои ҳадафҳо вобаста ба беҳтарсозии хадамоти эпидемиологӣ” (ЭПИК) бо мақсади дастгирии беморони мубталои ВНМО дар байни қишри оосебпазири аҳолӣ ва таъмини табобати муттасил амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон, яке аз қисмати лоиҳаи мазкур барои расонидани кӯмаки техникӣ вобаста ба омӯзонидани мутахассисони  соҳаи тиб ва таҳияи протоколҳои клиникӣ оид ба табобати бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 545
  • 1,242
  • 949,565