Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки осиёии рушд

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки осиёии рушд
Ноябр 29
13:03 2023

Санаи 28 норябри соли равон  вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Себел Вонг, мутахассиси соҳаи тандурустӣ  дар  Бонки осиёии рушд, Хайман Вин, мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ  дар  Бонки осиёии рушд ва намояндагони тими дастгирии техникии  бонки мазкур баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд  ва дар заминаи татбиқ гардидани  Лоиҳаи мазкур  беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таврибавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки амалисозии Лоиҳаи  “Хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаи тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тибби ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад, дар рушду намӯи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои болозикр заминаи муосид фароҳам меоварад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамзамон ҷиҳати маблағгузории иловагӣ  бо фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар,  Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки Бонки осиёии рушд  дар соли ҷорӣ  гранти кумаки техникӣ   барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад.

Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли 2024 оғоз гардад.  Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Дар интиҳои вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 23
  • 811
  • 1,242
  • 949,831