Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон  Мануэл Микаллер
Феврал 21
16:47 2024

Имрӯз, 21-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид. Дар вохурии мазкур ҳамзамон муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок  намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз мураккабии давраи пандемияи КОВИД-19 ва буҳрони молиявию иқтисодӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонист ба дастовардҳои намоён ноил гардад, ки дар ин самт саҳми шарикони рушд  низ назаррас аст.

-Аз ин лиҳоз, ман мехохам миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дастгирӣ дар давраи сар задани пандемияи КОВИД-19 иброз намоям,-гуфт номбурда.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, то соли 2025 амал менамоянд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ суҳбат намуданд.

Вохурӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 640
  • 1,242
  • 949,660