Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён
Феврал 26
16:50 2024

Имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири  Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохурӣ анҷом дод.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия, протезкунии пайвандҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, метавонанд ба идомаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.

Дар ин миён, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омўзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон  боз ҳам тақвият меёбад.

Дар идомаи мулоқот  ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар ин кишвар, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, коргарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732