Вохурии маҷозӣ бо ҳайати Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вохурии маҷозӣ бо ҳайати Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон
Июн 13
17:54 2022

13 июни соли равон  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо ҳайати Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба таври маҷозӣ  вохурӣ намуд.

Вохурии мазкур дар доираи гуфтушунидҳои қаблии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтакии Собирӣ  баргузор гардида, дар  он масъалаҳои  ба роҳ мондани ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, баргузор намудани давраҳои бозомӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкил намудани давраҳои бозомӯзӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи тиббии эронӣ барои мутахассисони тоҷик дар дохили кишвар ва дар маҷмӯъ ҳамкории муассисаҳои тиббии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади  Ҷумҳурии Исломии Эрон  яке аз донишгоҳҳои калон ва бонуфуз дар Шарқи наздик мебошад.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал аз номи роҳбарияти вазорат миннатдории хешро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон изҳор намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносибе барои машварат ва гуфтугӯ ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории давлатҳо дар раванди беҳдоштӣ, дармонӣ ва омӯзишӣ пизишкӣ арзёбӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ роҳбарони марказҳои илмию татқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, самтҳои ҳамкориҳои афзалиятноки тиббиро пешниҳод намуданд.

Дар охир ҷонибҳо фикру дархостҳои худро вобаста ба  самтҳои  ҳамкорӣ, махсусан дар самти мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои мухталифи тиббӣ иброз доштанд.

Вохурӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760