Вохурии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Март 12
13:12 2018

Чанде қабл дар   Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вохурии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар вилояти Хатлон бо кормандон ва намояндагони  соҳаи тандурустии вилоят  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаи “Хавфу хатари терроризм ва экстремизм ба давлат ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар вилояти Хатлон зимни вохурӣ бо кормандони  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз таҳдиди ҷиддии терроризм ва экстремизм ба ҳаёти орому осудаи сокинони сайёра, оқибати пайравии баъзе аз нафарони гумроҳ ба чунин гуруҳҳо муфассал маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи чунин гурӯҳу созмонҳои ҷиноӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ҷиҳати решакан намудан чунин зуҳуроти номатбул дар олам бетараф набошанд.

Дар навбати худ намояндагони соҳаи тандурустии вилоят бо боварӣ изҳор намуданд, ки дар мубориза алайҳи терроризму экстеримз ва дар умум гурӯҳу созмонҳои ҷиноӣ бетараф нахоҳанд буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 916
  • 1,242
  • 949,936