Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санаи 6 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” вохурии Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар доир гардид.
Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баромад кард.
Инчунин, номбурда зимни суханронии хеш доир ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро решакан созад.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Барномаи идоравии (соҳавии) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои соли 2022 тартиб дода шуда, ба сохторҳои дахлдори вазорат ирсол гардидааст.