Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ховалинг бо табибони ҷавон аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳи мазкур вохурӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳияи болозикр ва донишҷӯёне, ки аз ин ноҳия дар муассисаи таълимии мазкур таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бояд ин қишри ҷомеа бо истифода аз шароит ва имконоти фароҳамгардида баҳри аз худ намудани дониш шабонарӯзӣ талош варзанд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи вохурӣ вазъи кадрии муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ховалинг мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба омода ва ба кор ҷалб намудани мутахассисоне, ки дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур намерасанд, иштирокчиён таклиф ва пешниҳодоти муфид ироа намуданд.