Вохурии судманд

Вохурии судманд
Феврал 29
09:50 2024

28-уми феврали соли равон бо мақсади шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи таълим ва тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи  тиб сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни  Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохурӣ намуд.

Тавре зимни вохурӣ гуфта шуд, дар Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри иҷроиши дастуру супориш ва фармонҳои Роҳбарияти олии кишвар тамоми неру ва имкониятҳои мавҷуда истифода мешаванд.

Баҳри боланд бардоштани сатҳи сифати таҳсил дар коллеҷ соатҳои фанҳои умумитаълимӣ ва умумитиббӣ кам карда шуда, аз ин ҳисоб соати фанҳои тахассусӣ зиёд карда шудааст. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии хатмкунандагон, таҷрибаомӯзии онҳо бевосита дар назди бистари беморон гузаронида мешавад.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ зимни баромади хеш таваҷҷуҳи роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкурро бори дигар ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар муассисаҳои таълимӣ, хосатан дар коллеҷҳои тиббӣ ҷалб намуд.

Дар идомаи вохурӣ вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия дар коллеҷ аз ҷониби иштирокчиён мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645