Шаби 14 ноябри соли равон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека” ва 117 ҳазор воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид. Инчунин, субҳи имрӯз, 15 ноябр аз ҷониби Ҷумҳурии Латвия ҳамчун кӯмаки башардӯстона 60 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека” низ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.
(Аксҳо аз бойгонии moh.tj)