Вояи дуюми ваксинаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд

Вояи дуюми ваксинаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд
Июл 07
13:33 2022

Бо мақсади ворид намудани вояи 2-юми ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 7 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский,  шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсияи мунтазам паст карда мешавад.

Таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз усулҳои муосири соҳа амалӣ гардонида шаванд.

Дар мубориза бар зидди бемории фалаҷ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар давлатҳои минтақаи Аврупо як қатор чорабиниҳои муҳимро баҳри амалӣ гардонидани «Нақшаи стратегӣ оиди барҳамдиҳии бемории фалаҷ ва амалӣ намудани марҳилаи хотимавӣ» дар давоми солҳои охир ба анҷом расонид.

Бо шарофати воридкунии ваксинаҳои ҳаётан муҳими зидди бемории фалаҷ ва гузаронидани чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ, то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми худро ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ нигоҳ доштааст.

Яке аз вазифаҳое, ки дар «Нақшаи стратегии глобалӣ оиди барҳамдиҳии бемории фалаҷ дар марҳилаи хотимавӣ барои солҳои 2019-2023» барои тамоми давлатҳои ҷаҳон тавсия дода шудааст-ин ворид намудани вояи дуюми ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Тақвими иммунизатсия мебошад.

Дар асоси ин ташаббус, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) шурӯъ аз 1 июли соли 2022 вояи дуюми ваксинаи ИПВ-ро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намуд. Аз рӯи Тақвими нави миллӣ, ҳар як кӯдаки синну соли 9 моҳа, яъне кӯдаконе, ки аз 1 ноябри соли 2021 таваллуд шудаанд, бояд ба муассисаи тиббии ҷои зисти худ муроҷиат кунанд ва вояи дуюми ваксинаи ИПВ-ро қабул намоянд.

Бо гирифтани ҳарду вояи ваксинаи ИПВ мо масунияти қавиро бар зидди ҳар се намуди вируси фалаҷ ба ҳар як кӯдак таъмин менамоем.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои фаъолона ташриф овардан ба муассисаҳои тиббии ҷои зисти худ ва гузаронидани ваксинаҳои нақшавӣ ба кӯдакони хеш аз рӯи Тақвими миллии иммунизатсия даъват менамояд.

Бо саривақт гузаронидани вояи 2-юми ваксинаи ИПВ ба кӯдакони худ, шумо саҳми арзандаи худро дар барҳамдиҳии бемории фалаҷ дар сатҳи глобалӣ мегузоред.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 902
  • 1,242
  • 949,922