Зимни вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар Фаронса ва доир намудани курсҳои бозомӯзӣ дар дохили Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти бемориҳои дилу рагҳо ва ба тариқи ройгон роҳандозӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаб дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат медиҳанд. Хонум Ясмин Гуедар махсусан зикр намуд, ки мутахассисони Фаронсавӣ ва корпуси дипломатии кишвари Фаронса дар Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои бештар дар самти тандурустӣ дар кишвари мо ҳастанд.
Ясмин Гуедар: Мо хоҳони ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистонем
Апрел 21
14:05
2017