Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳо муваққатан худдорӣ намудан зарур аст»

Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳо муваққатан худдорӣ намудан зарур аст»
Май 13
09:16 2020

Яке аз масъалаҳои нозук — ин ба хок супоридани шахсоне мебошадки бар асари бемории сироятии COVID-19 аз дунё реҳлат мекунандБо мақсади ҳифзи саломатии хешу табор, ёру дӯстон то лаҳзаи омода гардидани манзили охират ҷасад дар беморхона мемонад ва танҳо бо тавсия ва ҳузури табибон он ба хок супорида мешавад. Бояд дар ин лаҳзаҳои душвору ҳассос бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳои исломӣ ва аҷдодӣ муваққатан худдорӣ варзем. Ин матлабро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 баён дошт.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба ҳамаи сокинони вилоят барои риояи маслиҳату тавсияи табибон изҳори сипос намуда, аз кулли сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорону волонтёрон даъват кард, ки дар ин шабу рӯз дар канори табибон бошанд ва онҳоро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намоянд. Ҳарчанд ки аксарияти сокинони вилоят аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода мебаранду ба кӯча ҳам кам мебароянд, аммо  ҳанӯз ҳам шумораи зиёди одамон дар назди дарвозаи беморхонаи вилоятӣ ҷамъ шуда, мехоҳанд бо беморон аз наздик дидору гуфтугӯ намоянд. Бо ҳамин роҳ онҳо ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Дар ин шабу рӯз сокинони 17 маҳаллаи шаҳри Хоруғ беморхонаи вилоятиро бо навбат бо ғизои гарм таъмин мекунанд ва ниёз ба кумаки беруна нест. Катҳои хоб ҳанӯз басандаанд ва дар сурати зарурӣ беморхона бо катҳои иловагӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин баъзе аз соҳибкорони саховатпеша барои қабул ва табобати беморон меҳмонхонаҳои хусусии худро пешниҳод карданд, ки ҳоло аз тарафи мутахассисони соҳа мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят супориш дод, ки ба ташхиси беморон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва аввал ба онҳое кумак расонанд, ки вазъи саломатиашон вазнин аст. Зеро мутобиқи таҳқиқи коршиносони соҳаи тиб, 85 фоизи сироятёфтагон дар шароити хона низ шифо меёбанд. Ҳамчунин ҳар сари чанд вақт аз ҳоли табибони шабакаи ёрии таъҷилӣ хабар гирифтан зарур аст. Зеро онҳо дар хати аввали мубориза бо ин бемории сироятӣ қарор доранд. Ба иттилои сардори Маркази ёрии таъҷилии вилоят, дар як рӯз то 85 занги телефонӣ ворид мешавад, аммо ин марказ ҳамагӣ 5 мошини ёрии таъҷилӣ дорад. Барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Дар масъалаи таъмини доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ то ба ҳол ягон камбудӣ вуҷуд надорад ва  ҳамарӯза аз пойтахти мамлакат интиқоли маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Нархи орду сабзавот то ин дам муътадил нигоҳ дошта мешавад. Нархи 1 кг картошка 6 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, шир 6 сомонӣ, гӯшт 44 сомонӣ, орд аз 225 то 260 сомонӣ аст. Ҳоло дар тамоми ноҳияҳои вилоят 452 тонна орд аз тарафи Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захира шуда,  дар худи анборхонаи ин агентӣ низ 130 тонна орд мавҷуд аст.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суратҳисоби махсус бо мақсади кумак ба беморону табибон кушода шуда, давоми ҳамагӣ чанд рӯз ба ин суратҳисоб 78 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Раиси вилоят аз кормандони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ даъват намуд, ки ба сокинони вилоят маълумоти дақиқ пешниҳод кунанд ва ба ин восита аз паҳншавии ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу ғаразомез ҷилавгирӣ намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658