Заҳмати табибонро нодида нагиред!

Заҳмати табибонро нодида нагиред!
Апрел 27
13:57 2020

Вақтҳои охир новобаста ба талошҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва барҳам задани пандемияи саросарии коронавирус неруҳои носолиме дандони хунолуди хешро тез кардаву мақомоти марбутаро ба бесалоҳиятӣ ва аз тасмими саривақтӣ ва муассир кор нагирифтан айбдор мешуморанд ва санги дар бағал доштаашонро ба сӯи онҳое, ки ҷон дар кафи даст бе танаффус, ба таври шабонарӯзӣ дур аз аҳли оилаву азизонашон пайи солимиву табобати шаҳрвандон талош доранд, афканда истодаанд. Ҳол он ҳанўз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид. Ниҳоди мазкур аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд.

Бешак, дар хатти пеши мубориза бо ин вабои аср дар ҳама давру замонҳо табибон қарор доштанду доранд ва табиист, дар чунин ҳолатҳо албатта, маҳз онҳо бештар байни ҳаёту мамот ҷонталошиҳо хоҳанд намуд. Омори ТУТ гувоҳи ҳол аст, ки дар мубориза бо Covid-19 дар саросари ҷаҳон кормандони соҳаи тиб сирояти бештар ёфтаанду талафоти зиёдтар доштаанд. Дар баробари ин, ҳазорҳо нафар духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва дар умум, кормандони беморхонаҳо ҳар лаҳза ба ин вирус мубтало гардидаю шумораи қурбониён аз ҳисоби кормандони тиб ба минвол меафзояд.

Чаро ин сарборӣ маҳз бори дӯши табибон гардидааст? Посух хеле содда ва ба чашми ибратбин аён аст: маҳз дар маркази вабову бало онҳо қарор доранд. Аз ин рӯ, табиист, кормандони тиб бо беморон дар алоқаи бевосита қарор доранд ва биноан, онҳо на танҳо аз ин алоқамандӣ сироят меёбанд, балки вирусро ба миқдори хеле зиёд ба ҷисми худ қабул менамоянд.

Бо назардошти чунин сарсупурдагиҳову азхудгузариҳо ба беамалӣ муттаҳам намудани табибон бе шак ниҳояти беинсофӣ ва беимониву бевиҷдонӣ хоҳад буд. Камоли кӯриву ҷаҳолат аст, аз ин қаҳрамонӣ сарфи назар кардан…

Тибқи омори созмонҳои соҳавию гурӯҳҳои коршиносӣ, то имрӯз дар беш аз дусад давлати ҷаҳон беш аз се миллион сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаву аз ин миён 200 000 нафар фавтидаанд, ки сеяк ҳиссаро аз ин шумораи умумиро табибон ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳолати мавҷуда дар канор нест.  Тавре маълум вақтҳои охир бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  дар кишвар авҷ гирифта истодааст. Вобаста ба ҳолати пешомада аз ҷониби Вазорат ба кулли кормандони тиб дастур дода шудааст, ки ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (БШРН) ва зуком пурра таҳти назорат (карантин) қарор дода шуда, зимни дарёфти ҳолатҳои илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас фавран ба табобати зиддивирусию зиддибактериявӣ фаро гирифта шаванд. Ин аст, ки табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони табобатхонаҳои мамлакат дар мубориза бо ин бемориҳо дар сафи аввали хатти фронти мубориза қарор доранд.

Тавре зимни суҳбати телефонӣ директори Беморхонаи шаҳрии № 1, мавсум ба “1 Советский”  Хуршед Рустамзода иброз дошт, “то имрӯз муассисаи тиббии мазкур 319 нафарро ба гумони мубталоӣ ба сирояти бемории илтиҳоби шуш қабул намудааст.  Дирӯз 107 нафар пас аз табобати пурра ба ҳаёти рӯзмарраву осоиштаи худ баргаштанд ва боз 30 нафари дигар ба рухсатёбӣ омодагӣ мегиранд. Боиси таассуф аст, ки  дар ин гирудор 11 нафар талаф ёфтаву айни ҳол 8 нафар беморон дар шуъбаи эҳё қарор доранд.”

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорат то имрӯз ба Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест ворид шудааст, ки 23 ҳазорашро аз Русия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Олмон гирифтааст. То имрӯз дар ин озмоишгоҳ 4100 адад тест мавриди истифода қарор дода шуда, 800-тои он такроран анҷом дода шудааст.

Ба қавли муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода, зимни хулосабарорӣ ва ё натиҷагирӣ барои гузоштани ташхиси бемор аз ҷониби табибон илова ба таҳлили лабораторӣ барои дарёфти сирояти коронавирус, инчунин бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмонияро доранд. Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам ба инобат гирифта мешавад. Ба афзоиши мавсуф, ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 902
  • 1,242
  • 949,922