ЗАРАРИ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ИСТЕЪМОЛ НАМУДАНИ НАМАК

ЗАРАРИ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ИСТЕЪМОЛ НАМУДАНИ НАМАК
Ноябр 13
06:41 2018

Дар бадани одами калонсол тақрибан 250 г хлориди натрий (намак) мавҷуд аст. Ионҳои хлориди намак ҳосилшавии кислотаи хлориди шираи меъдаро таъмин менамояд. Натрийи таркиби намак бошад, дар чунин равандҳои физиологӣ иштирок мекунад:

– мувозинати обу маъданҳои бадан (тавозуни маъданҳои хун ва моеъи байни ҳуҷайрави)-ро нигоҳ медорад;

– гузариши импулсҳои асабиро ба танзим медарорад;

– кашишхўрии мушакҳоро таъмин менамояд.

Талаботи инсон ба намак аз ҳисоби намаки холис ва маҳсулоти аз хлориди натрий бой қонеъ мегардад, аммо аз меъёр зиёд истеъмол намудани он ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Натиҷаи  якчанд тадқиқоти илмӣ-таҷрибавӣ муайян намуд, ки яке аз сабабҳои инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемияи дил), фарбеҳӣ, тарбод, остеопароз, санги гурда ва ғайра аз меъёр зиёд истеъмол намудани намак мебошад.

Истеъмоли ғизоҳо ва хўришҳои зер:

– гўшти (деликатес) дуд додашуда, ҳасибу ҳасибчаҳо;

– моҳии дуд додашуда ва дар намак ё сирко хобонидашуда;

– сабзавотҳои (помидор, бодиринг ва ғ.) дар сирко ва намак хобонидашуда;

– панирҳо;

– хўриш барои қайлаҳо (горчитса, кетчуп, майонез, қайлаҳои сойягӣ);

– таомҳои тезтайёр, чипс;

– хўришҳои сабзавотӣ (бахусус навъҳои кореягӣ);

– иловаҳои ғизоӣ (глютамат натрий, тамъдиҳандаҳо) сабаби пайдоиши бемориҳои дар боло зикршуда низ мегарданд.

Аз меъёр  зиёд истеъмол намудани намак  паёмадҳои манфии зеринро ба бор меорад:

  1.  Дар навбати аввал истеъмоли барзиёди намак яке аз омилҳои инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемияи дил, сактаи дилу мағзи сар) мебошад.

Натрийи зиёди намак моеъро дар бадан нигоҳ дошта, сабаби зиёд шудани ҳаҷми хун ва фишори баланди рагҳо мегардад. Инчунин, натрийи зиёдатӣ дар девораи рагҳо ҷамъ шуда, миқдори липидҳоро дар девораҳои рагҳо зиёд менамояд. Рагҳо танг шуда дил хунро ба душворӣ ба шушҳо, мағзи сар, гурдаҳо медиҳад.

  1. Мунтазам истифодаи намак ба хавфи ҷамъ шудани намак дар гурда мегардад;
  2. Зиёд будани намак дар организм сабаби хориҷ шудани калсий, инкишофи остеопароз мешавад;
  3. Истеъмоли барзиёди намак инчунин ба инкишофи хеликобактерия, ки сабаби пайдоиши гастриту захми меъда мегардад, мусоидат менамояд;
  4. Намак ҳамчун яке аз омилҳои хавфи бемории фарбеҳӣ муайян дониста мешавад.

Меъёри талаботи шабонарўзии одам ба намак 6 г муайян шудааст, ки ин миқдор ҳам намаки холис ва ҳам намаки таркиби маҳсулоти хўроквориро дар бар мегирад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки истеъмоли 5-6 г/рўз намак (ин тақрибан 2 г натрийро дар бар мегирад) сактаи мағзи сар 24%, бемории ишемияи дилро 18% коҳиш медиҳад.

Тадқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  (соли 2016) нишон медиҳад, ки истеъмоли намаки ошӣ 10,4 г/рўзро ташкил менамояд, ки нисбат ба меъёрҳои зикргардида зиёд аст.

             Гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки аз хатари истеъмоли миқдори зиёди намак азият мекашанд, инҳо мебошанд:

– одамони синну солашон аз 50-сола боло;

– онҳое, ки ба бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ гирифторанд;

– кўдакон. Одат намудани онҳо ба истеъмоли зиёди намак метавонад тамоми умр давом кунад.  Дар ғизои кўдакони то яксола намак истифода бурдан мумкин нест.

Барои пешгирӣ аз истеъмоли барзиёди намак бояд меъёрҳои зеринро риоя намуд:

– миқдори истеъмоли намак дар вояи ғизо бояд оҳиста-оҳиста  кам гардад;

– истеъмоли маҳсулотҳои дорои миқдори зиёди намакро мебояд маҳдуд намуд;

– ҳангоми дастрас намудани маҳсулот ба борчасп (этикетка)-и он бояд аҳамият дод, ки миқдори намакаш зиёд набошад;

– барои азият накашидан аз гуруснагӣ меваю сабзавот истеъмол намуд;

– аз истеъмоли ғизоҳои тезтайёр, чипс, кетчуп даст кашид;

– намакдонро ба рўйи дастархон набояд гузошт;

– меъёри обнўширо назорат намудан зарур аст, чунки бе об мондани бадан талаботро ба намак зиёд менамояд;

 

Хайров Ҳ.С., директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”

Абдураҳмонова З.Г., иҷрокунандаи вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 352
  • 1,242
  • 949,372