«Зарари телефонҳои мобили ба чашм»: Таҳти чунин унвон дар донишгоҳи тиббӣ семинар-машварат доир гардид

«Зарари телефонҳои мобили ба чашм»: Таҳти чунин унвон дар донишгоҳи тиббӣ семинар-машварат доир гардид
Май 27
09:02 2019

Дар Маркази ташхисию табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз тарафи табиби бемориҳои чашм Бобоева Т.С. дар мавзӯи «Зарари телефонҳои мобили ба чашм» бахшида ба «2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  семинар-машварат дар байни кормандон гузаронида шуд.

Дар ин бора сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ медиҳад.

Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ  як ҷузъи  ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кӯмаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он, ки  ӯ дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем.  Бояд  гуфт, ки таъсиси  телефони мобилӣ инқилобе дар соҳаи илму техника мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда,  телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ низ доранд ва оҳиста-оҳиста ба саломатии инсон зарари худро мерасонанд.

Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон  имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда,  баъзеҳо бо худ  ду ва зиёда телефони ҳамроҳ  доранд. Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда,  мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он, ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

«Истифодаи ками телефон   ба  фоидаи саломатии инсон аст. Ҳастанд нафароне, ки телефонҳои худро ҳама вақт   дар бар мегардонанд ва  ҳатто дар  бистари хоб  низ нигоҳ медоранд. Бояд гуфт, ки    ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро ба худ наздик гузошт. Он бояд 5 метр дуртар,  беҳтараш берун аз утоқи хоб бошад. Аз рӯи ҳисоботи омории танзимгарони алоқаи мобилӣ, тақрибан 70 фоизи истифодабарандагон дар як рӯз зиёда аз 30 дақиқа гуфтугӯ мекунанд. Албатта, хуб мешуд, ки ҳар як нафар дар як рӯз камтар аз 30 дақиқа гуфтугӯ кунад»- илова намуд дар семинар-машварат табиби бемориҳои чашм Бобоева Т.С.

Солҳои  охир шумораи нафароне, ки  аз омоси майнаи сар азият мекашанд,  зиёд шудааст. Агар 10 сол пеш 50-70 нафар дар 1 сол бо бемории  омоси майнаи сар ба духтурон  муроҷиат мекарданд, солҳои охир теъдоди чунин беморон ба 200-300 нафар расидааст. Ин танҳо шумораи нафаронест, ки дар дохили кишвар муолиҷа меёбанд, ҳол он ки боз ҳастанд бемороне, ки дар хориҷи мамлакат  табобат  мегиранд.

Имрӯз  кӯдакони хурдсол  ва мактаббачагон низ аз  телефони мобилӣ ва планшет истифода мебаранд. Онҳо телефону планшетро  на танҳо чун воситаи гуфтугӯ,  балки бештар барои бозӣ   истифода  мебаранд, ки ин гуна зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба хирашавии чашм оварда мерасонад.

Қайд гардид, ки хирашавии чашм аслан нишонаи пиронсолист, лекин синни хирашавии чашм низ имрӯз  поён рафтааст. Имрӯз шумораи  зиёди ҷавонон аз  хирашавии чашм шикоят мекунанд. Ҳангоми зиёд ва аз наздик нигоҳ кардан ба экрани телефон он нури чашмро хира мекунад.

Олимони Аврупо кашф намудаанд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияаш ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад. Ҳангоми зиёд гап задан бо телефон  табъи инсон низ  хира мешавад.

Вақтҳои охир дар байни кӯдакон ва мактаббачагон истифодаи телефони мобилӣ ва планшет бештар ба назар мерасад. Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки падару модарон барои машғул кардани фарзандонашон бо бозиҳои гуногуну тамошои филмҳои тасвирӣ ин гуна дастгоҳҳоро мехаранд.

Олимон исбот карданд, ки ҳангоми аз 10 то 60 дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан организми шахс бояд барои барқароршавӣ 8-14 соат истироҳат кунад. Таъсири овоз ва ларзиш (вибрация) ҳангоми истифодаи телефон ба танг шудани рагҳои гӯш ва рӯю сар меоварад. Олимон инчунин кашф намудаанд, ки пас аз суҳбат бо телефон шахс камтаваҷҷуҳ гашта, фикрҳояш парешон мешаванд.

Истифодаи ҳар як техника қонуну қоида ва меъёри муайян дорад. Бе зарурат набояд аз  телефон  истифода  кард. Истифодаи ками телефон   ба  фоидаи саломатии инсон аст. Духтурон тавсия медиҳанд, ки  ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро назди худ гузошт.   Занҳои ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол бояд аз суҳбат тариқи телефон худдорӣ намуда, онро  набояд тӯлонӣ дар кисаи назди сина ва  миёнбанд  нигоҳ доранд.  Дар хона ва ё корхона беҳтараш аз телефони одии симдор бояд истифода бурд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 620
  • 1,242
  • 949,640