Ҷиҳати таъминоти маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар ҷумҳурӣ ягона Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб ва Хоруғ фаъолият менамояд. Иҷрои нақшаи истеҳсолии корхона дар якҷоягӣ бо филиалҳояш дар шашмоҳаи аввали соли 2019 109% иҷро гаштааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи корхонаи мазкур ба ниёзмандон 96 адад аробачаи маъюбӣ, 379 адад асо, 128 чуфт асобағал, 169 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ, 66 адад асо барои нобиноён ва 57 адад роҳгардак (ходунок) дастрас гардонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона дар маҷмўъ ба 4060 нафар ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шуд, аз ҷумла ба 2391 нафар ниёзмандон бо се вақт хўроки гарм ва ба 68 нафар аз рўи тартиб роҳкиро дода шуд.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби маҳсулоти хайриявӣ, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша ба корхона пешниҳод гардидаанд, ба 252 нафар маъюбон маҳсулоти протезию ортопедӣ дастрас карда шудаанд: аз ҷумла, протези пой ба 15 нафар; ортези пой ба 172 нафар, таъмири протез ва ортез ба 19 нафар, роҳравак ба 24 нафар, миз ва курсӣ ба 18 нафар, ортези миён ба 3 нафар ва ортези даст ба 1 нафар.