Зери унвони “Истифодаи дурусти антибиотикҳо” нишасти матбуотӣ баргузор гардид

Зери унвони “Истифодаи дурусти антибиотикҳо”  нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Ноябр 18
16:54 2017

17 ноябри соли равон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе вобаста ба ҳафтаи “Умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо”, ки ҳамасола аз 13 то 19 ноябр таҷлил мегардад нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ҷорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он  Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Иброҳим Аҳмадов намояндаи Созмони азуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хадамоти давлатии назорати бойтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонӣ оид ба солимии ҳайвонот дар  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин   роҳбарият ва кормандони идораву муассисаи марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамин аст, ки пешгирии роҳу василаи  вусъат ёфтани истифодаи бемаҳдуди    доруҳои зидди микробҳо ва  дар заминаи он истифодаи  тадбирҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексияҳо мавзӯи аслии ҷамъомади мазкур маҳсуб меёфт.

Дар рафти  нишасти матбуотӣ  аз тадбирҳои амалӣ сохтани пешгирӣ ва назорати инфексияҳо ҳамчун ҳалли калидии пешгирии паҳншавии устуворӣ ба доруҳои зидди микробҳо  дониста шуда ин ва дигар масолили вобаста ба соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 730
  • 1,242
  • 949,750