Зиёбахшони дилу дидаи мардум

Зиёбахшони дилу дидаи мардум
Август 12
09:52 2020

Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимни суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон Халилов Бурҳониддин Ғуломович иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Ёвон корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, – зикр намуд Б. Халилов ҳангоми суҳбат ба хабарнигори “Паёми шифо”.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи корӣ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Тавре Бурҳониддин Ғуломович дар идомаи суҳбат маълумот дод, дар ноҳия маҷмуан 97 муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва 4 муассисаҳои хусусӣ фаъолият менамоянд, ки  дар ин муассисаҳои тандурусти давлатии ноҳия ҳамагӣ 1763 нафар кормандон кор мекунанд.

Дар  шашмоҳаи соли  2020 дар ноҳия  3170  нафар навзодон таваллуд шудааст, ки нишондоди таваллуд 12,8% (промил) ташкил медиҳад ва  аз инҳо  20 нафар кӯдак дар хона таваллуд  шуда, зоиши хонагӣ 0,6% -ро ташкил медиҳад. Дар  шуъбаҳои  таваллудхонаи ноҳия бошад, тайи шаш моҳи аввали соли равон  3150  нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки нишондоди таваллуд 99,4% -ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар шашмоҳаи аввали соли 2020-ум дар шуъбаҳои беморхона 9632 нафар беморон бистарӣ гардида, 9650 нафари онҳо баъди табобат гирифтан ҷавоб шудаанд, ки иҷроиши кат рӯз 60,5%-ро ташкил мекунад.

Маркази солимии репродуктивӣ дар назди шабакаи КАТС-и ноҳия кор ва фаъолият менамояд. Аз руи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи солонаи Маркази солимии репродуктивӣ рӯйхати занҳои гуруҳҳои  мақсаднок тартиб дода шудааст. Дар баробари ин, талаботи занони эҳтиёҷманд ба маводҳои пешгирии ҳамли номатлуб муайян карда шуда, ба Маркази солимии репродуктивии вилоятӣ пешниҳод гардидааст.

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳолати сироятёбӣ ба ВНМО дар шаш моҳи  соли 2020 17 ҳодиса ба қайд  гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки айни замон 152 нафар гирифторони ВНМО дар қайди диспансерии Маркази ВНМО  қарор доранд. Инчунин, дар ноҳия 15 нафар кӯдакони синни то 18 солаи бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 14 нафар ба табобати ЗРВ фаро гирифта шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2020 аз тарафи Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар ноҳияи Ёвон 3215 нафар занони ҳомиладор то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аз ташхиси вируси норасоии масунияти  одам гузаронида шудааст.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ин беҳтар намудани назорати диспансерии сироятёфтагон ва фарогирии онҳо ба табобат ба шумор рафта, сол аз сол ин нишондиҳандаҳо беҳтар шуда истодаанд. Айни замон 152 нафар шахсони бо вируси норасоии масунияти  одам зиндагикунанда таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд.

Дар доираи ҳамкориҳо бо корхонаҳои дахлдор дар байни зиёда аз 16702  нафар аҳолӣ ва 10265 нафар муоинашавандагон ва ҳомиладорон нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии он корҳои  фаҳмондадиҳӣ  гузаронида  шуд. Дар доираи  чорабиниву иқдом дар ин давра зиёда аз 11023 маводи иттилоотию пешгирикунанда тақсим шудааст.

Дар Маркази зидди бемории сили ноҳия дар 6 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 69 нафар ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳамаи беморони бақайдгирифташуда таҳлили хун барои ВНМО гузаронидашуда шудааст. Дорувориҳои зидди бемории сил аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мунтазам ройгон дастрас карда мешавад. Дар ин давра ба Маркази зидди бемории сил таҷҳизотҳои нави ҳозиразамони таҳлили балғам, Микроскопи бинокулярӣ, аудиограмма, ЭКГ, барои санчиши таҳлили хуни биохимявии Спектофотометр, яхдон барои  ҷамъоварии балғам ва таҷҳизотҳо барои амбори дорувори ворид ва васл карда шуд. Бо маблағгузорӣ ва мусоидати Ташкилоти ХОУП ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Ёвон,  Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи сил, ки дар 2-ум ошёна чойгир мебошад, аз таъмири косметикӣ ва 6 ҳуҷра барои таҳлилгоҳ ва 1 ҳуҷра барои амбори дорувории зидди силӣ аз таъмири асосӣ бароварда, ба истифода дода шуд.

Дар Маркази бемориҳои руҳӣ ва гирифторони нашъамандӣ тайи шашмоҳаи соли 2020 ҳамагӣ 82 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 40 нафар нашъаманд, 42 нафар майзада буда,  хушбахтона, дар байнашон занон ва наврасон ба қайд гирифта нашудааст.

Айни ҳол 2291 нафар маъюб дар қайди диспансерӣ буда, аз инҳо 1740 нафар калонсолон ва 551 нафар кӯдакони то 18 – сола мебошанд.  Ҳалли масоили вобаста ба бемориҳои маъюбӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ буда, онҳо таҳти назорати табибони соҳавии Маркази саломатии ноҳиявӣ қарор доранд. Ин аст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия 315 нафар маъюбони гурӯҳи 1 ва 2-юм табобати ройгон гирифтанд. Инчунин, 3 нафар маъюб ба осоишгоҳҳо фиристода шуда, 35 нафар маъюбони то 18 – сола ба таври ройгон ба табобат фаро гирифта шуданд.

Дар муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон” 127 нафар иқомат менамоянд, ки аз инҳо 55 нафар маъюбони калонсолон ва 39 нафар маъюбони синни то 18-сола мебошанд ва аз тарафи табибони Маркази саломатии ноҳия бо табибони соҳавӣ таъмин буда, дар 1 сол 2 маротиба аз муоинаи тиббӣ пурра гузаронида мешаванд. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия бошад, 175 нафар кӯдак ба ҳимояи давлат фаро гирифта шуда, онҳо бо табиби кӯдакона ва ҳамшираи тиб таъминанд ва низ дар 1 сол 2 маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

Вазъи бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, дар шашмоҳаи соли 2020 -ум  беморони домана, ҳорӣ, фалаҷи ҳароммағз, исҳоли хунин, гулузиндонак,  ба қайд гирифта нашудааст.

Дар 6 моҳи соли 2020  аз муассисаҳои табобатию профилактикии ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 606 намунаи хуни вараҷа ба таҳлилгоҳҳо ворид шудааст, ки хушбахтона ягон осори мубталоӣ ба ин беморӣ дарёфт нашудааст. Ҳамзамон дар рафти аз назаргузаронии шуъбаҳо, Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии деҳот нишон дод, ки бемороне, ки аломатҳои баландшавии ҳарорати бадан, камхунӣ, варами ҷигар, зардпарвин, варами испурч доранд ва инчунин шахсоне, ки аз хориҷи кишвар ба ноҳия ворид мегардаанд, ин намуди беморонро намунаи хуни вараҷа гирифта шуда ба таҳлилгоҳҳо равона карда мешаванд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон барои пешгирӣ ва бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ 235 кат ташкил гардид, ки аз ин 35 кат барои занҳои ҳомила ҷудо карда шуд ва бо табибон: акушер – гиниколог, момодоя, табибони бемориҳои сироятӣ, табиби эҳёгар, ҳамшираи тиб ва ҳамшираи хурди тиб таъмин мебошанд. 200 кати боқимонда барои госпитали бемориҳои сироятӣ ташкил карда шуда, бо доруҳои лозима таъмин аст. Кормандони тиббии дар он фаъолиятдошта бо маводҳои зарурии яккарата таъмин карда шудаанд. Тартиби кории онҳо 14 рӯзи  корӣ ва 14 рӯз дар ҳолати карантин буда, ҳолати табибон, беморон ва беморхона ба меъёрҳои санитарӣ – гигенӣ ба пуррагӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар маҷмуъ, вазъи омодабошии шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон қаноатбахш буда, таъминнокии об бо хати коррезӣ мутамарказ мебошанд ва барои қабули беморон  омодаанд.

Шумораи таҷҳизотҳои нафасдиҳи сунъӣ 3 адад буда, 1 адад дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Инчунин, БМН бо 4 оксигенератор, 4 базаи истеҳсолкунандаи оксигенӣ, 36 хати оксигенӣ ва 12 балони оксигенӣ  таъмин мебошад. Ба ғайр аз лавозимотҳои тиббие, ки то ин муддат сарфа шуда ва харҷ гардидааст,   ниқоб зиёда аз 4000 дона, камбинзон 200 адад, бахил 300 адад, каллапӯш 200 адад, дастпӯшак 3000 адад, маводҳои шустушӯӣ гигиенӣ  500 литр, захираи гипохлориди калий  500 кг, хлор 300 кг ва гипохлориди натрий 600 кг  аз ҳисоби Беморхонаи марказӣ ва Барномаи кафолати солимӣ захира шудааст.

Аз суратҳисоби махсуси Беморхонаи марказӣ ба маблағи  55870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки барои харидорӣ намудани таҷҳизотҳо 10970 сомонӣ,  маводҳои шустушӯи либос 8000 сомонӣ, плёнкаи рентгенӣ 19300 сомонӣ, барои таҷҳизотҳои мулоим 9800 сомонӣ сарф гардид. Инчунин, аз  тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 203 ҳазор сомонӣ  маблағ  ҷудо гардид, ки барои доруворӣ 79240 сомонӣ, харидори намудани маводҳои безараргардонӣ гигиенӣ ва хоҷагидорӣ 88500 сомонӣ, хӯрока 35876 сомонӣ мебошад.

Оид ба ҳолати бақайдгирии беморони сироятии шушҳо дар шуъбаи госпиталӣ ҳамаруза дар соати 15 ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тариқи телефонӣ ва баъдан хаттӣ  маълумот дода мешавад.

Дар маҷмуъ Беморхонаи  марказӣ  бо  маҳлулҳои  кристалоидӣ,  плазма  ва  хун  вобаста  ба  имкониятҳо  ба  вазъи  имрӯза  муҷаҳҳаз  мебошад. Шуъбаҳои  Беморхонаи  марказӣ  ва  госпитали  сироятӣ бо бордони  ёрии  фаврии номгӯи доруворӣ ва маводи тиббӣ бархурдор буда, ҳамаи кормандони  соҳаи  тандурустӣ бо либосҳои  муҳофизатӣ, ниқоб, респираторҳо, айнакҳои  муҳофизатӣ  таъмин мебошанд.

М. Манишвар

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 709
  • 1,242
  • 949,729