Зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии ройгонӣ тиббӣ бархурдор гардиданд

Зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии ройгонӣ тиббӣ бархурдор гардиданд
Май 07
08:29 2018

Санаи 5 майи соли равон корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Дар оғози ин чорабинии муҳими тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиб дар кишвар сол ба сол рушду такмил меёбад ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мунтазам боло меравад.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторхои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Дар рафти чорабинӣ зиёда аз  4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси комилан ройгони тиббӣ баҳра бурданд. Аз ҷумла 439 нафар аз ташхиси ВНМО,  511 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 192 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузашта, инчунин 425 кӯдак хатна карда шуда, ба 11 нафар кӯдак ҷароҳии чураи модарзодӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон 11 дона аробачаи маъюбӣ, 53 дона асо ва 40 дона пойафзол дода шуд.

Илова бар ин, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ”   гиёҳҳои шифобахш ва   нӯшобаҳои аз растаниҳои шифобахш омодашуда миёни сокинон тақсим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 620
  • 1,242
  • 949,640